Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, чунин талабот сар аз 1 сентябр роҳандозӣ шудааст. Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки шуруъ аз 1 сентябр маҳдудияти рафту омади нақлиёт байни Узбекистону Қирғизистон бекор шудааст.
Шаҳрвандони Узбекистон, ки ба Қирғизистон рафта ва танҳо дар он кишвар қарор доштанд, баъди дубора ба Узбекистон баргаштан ба карантин гирифта намешаванд.
Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо, афроде, ки ба Узбекистон меоянд, ба карантин гирифта хоҳанд шуд.