Ссылки доступа

Блогери ӯзбек, ки истеъфои раиси Фарғонаро талаб карда буд, аз ҳабс озод шуд


Блогер аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Узбекистон Ҳайдарҷон Бобоҳайдаров (номи мустаораш Дадахон Ҳайдаров) аз ҳабс озод шуд. Дар ин бора сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов ба расонаҳо хабар дод.

Ҳайдарҷон Бобоҳайдаров 22 августи соли равон ҳамчун гумонбар дар доираи бетартибиҳо дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи ин кишвар дастгир шуда буд.

Падари Ҳайдаров - Шералӣ Эралиев гуфта буд, ки писари ӯро дар сараш халта пӯшонда ба воситаи чархбол бурда буданд. Ба гуфтаи Эралиев, аз 22 август ба ин сӯ дар бораи маҳалли нигаҳдории писараш хабар надоштанд.

Додситонии вилояти Фарғона 1 июни соли равон дар робита ба бетартибиҳои Сӯх бо бандҳои "Муқобилат нишон додан ба намояндагони мақомот" ва "Бетартибии оммавӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар доираи ин парванда 6 сокини Сӯх дастгир шуданд.

Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, Ҳайдарҷон Бобоҳайдарови 22-сола ва Дилмурод Маҳбубови 28-сола дар доираи парвандаи мазкур гумонбар шумурда мешаванд.

2 сентябр муҳлати 10 рӯз ҳабси маъмурии гумонбарон ба поён расида, дар натиҷа зиддашон айбе ҳам эълом нашуд.

Рӯзи 31 майи соли ҷорӣ байни сокинони ду деҳаи наздимарзии Узбекистону Қирғизистон ҷанҷол сар зад. Дар ин ҷанҷол аз ду ҷониб бештар аз ҳазор сокин ширкат варзид. Намояндагони мақомоти Узбекистон барои ором кардани сокинон ба минтақа омаданд, аммо бо муқовимати онҳо рӯ ба рӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG