Ссылки доступа

Дар бемористоне дар наздикии шаҳри Тошканд дар як рӯз чаҳор бемор зери дастгоҳи нафаси сунъӣ фавтидааст


Дар бемористони Бекободи вилояти Тошканди Узбекистон дар як рӯз чаҳор беморе фавтидааст, ки ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст шуда буданд.

Ин ҳодиса рӯзи 25 август рух додааст, менависанд расонаҳо. Хешовандони фавтидагон мегӯянд, марги беморон ба далели набудани кислород дар беморхона фаро расидааст.

Мақомоти додситонии шаҳри Бекобод гуфтанд, аз рӯи ин ҳодиса тафтиш шуруъ шудааст.

Бемористони Бекобод баҳори имсол ба бемористони махсуси гирифторони коронавирус табдил дода шуд. Ин беморхона бо дастгоҳҳои зарурӣ барои табобати мубталоёни коронавирус муҷаҳҳаз шудааст.

XS
SM
MD
LG