Ссылки доступа

Дар ҳукумати Қазоқистон ҳаҷми ҳадди ақали бозгирифтани пасандозҳои нафақаро эълом карданд


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон муқарраротеро баён кард, ки тибқи он шаҳрвандон метавонанд, аз Бунёди ягонаи ҷамъшавии нафақа қисме аз саҳми худро бозпас гиранд.

Бино ба ин муқаррарот, шаҳрвандони то 30-сола ҳаққи бозпас гирифтани 2,5 миллион танга, шаҳрвандони 35-сола наздики 3 миллион танга, шаҳрвандони 40-сола қариб 3,5 миллион танга, 45-сола наздики 4 миллион танга, шаҳрвандони 50-сола 4,5 миллион танга, шаҳрвандони 55-сола бештар аз 5 миллион танга ва аз 59-сола ба боло бештар аз 5,5 миллион танга дарёфт мекунанд.

Мақомоти он кишвар гуфтанд, ки эҳтимол дорад, наздики 720 ҳазор шаҳрванд қисме аз нафақаи ҷамъшудаашонро бозпас гиранд.

Дар бунёди ягонаи ҷамъшавии нафақаи Қазоқистон то моҳи августи имсол наздики 28 миллиард доллар маблағ ҷамъ шудааст. Дар ин бунёд бештар аз 11 миллион суратҳисоб мавҷуд аст, ки ба ҳисоби миёна дар як суратҳисоб бештар аз 1 миллион танга ҷамъ шудааст.

Истифодаи маблағҳои Бунёд танҳо барои истифодаи се ҳадаф мумкин аст: хариди амвол, табобат ва ё харидории коғазҳои қимматнок.

XS
SM
MD
LG