Ссылки доступа

AI: дар ҷаҳон 7000 корманди тиб аз коронавирус фавтидааст


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) мегӯяд, дасти кам ҳафт ҳазор корманди тиб дар саросари ҷаҳон бар асари коронавирус ҷон бохтааст.

"Ҳар як корманди тиб ҳақ дорад, ки амният дар ҷои кораш таъмин бошад. Бо гузашти чандин моҳ аз оғози пандемия ҳанӯз ҳам дар кишварҳои аз қабили Мексика, Бразилия ва ИМА фавти шумори зиёди кормандони тиб мушоҳида мешавад. Паҳн шудани босуръати вирус дар Африқои Ҷанубӣ ва Ҳиндустон нишон медиҳад, ки ҳамаи кишварҳо бояд чора андешанд", мегӯяд сардори бахши адолати иҷтимоӣ ва иқтисодии гуруҳ дар умури ҳимоят аз ҳуқуқи инсон Стив Кокберн.

Дар Мексика 1 ҳазору 320 корманди тиб бар асари коронавирус ҷон бохтааст. Шумори умумии мубталоён дар ин кишвар ба беш аз 610 ҳазор расида, ҳудуди 66 ҳазор одам фавтидааст. Омори ахир нишон медиҳад, ки то ба ҳол дар Мексика 97 632 корманди тиб ба вирус мубтало шудааст.

Amnesty International ҳамчунин ҳолатҳои зиёди фавти кормандони тибро дар ИМА (1077), Шоҳигарии Муттаҳида (649), Бразилия (634), Русия (631), Ҳиндустон (573), Африқои Ҷанубӣ (240) ва Эрон (164) ба қайд гирифтааст.

"Ин ҳафт ҳазор корманди тиб ҳангоми кушиши наҷоти ҷони дигарон фавтидаанд", - афзуд Кокберн.

XS
SM
MD
LG