Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти даҳҳо кас дар Минск хабар доданд


"Марш единства" в Минске
"Марш единства" в Минске

Маркази ҳомии ҳуқуқи "Баҳор"-и Белорус мегӯяд, рӯзи якшанбе дар ҷараёни эътирози нави бузург зидди президент Александр Лукашенко дар шаҳри Минск ҳудуди 200 кас боздошт шуд.

Рӯйхати дастгиршудаҳо дар сомонаи созмон нашр шуда, он афзоиш меёбад. Вазорати умури дохилии Белорус қаблан тасдиқ кард, ки дар ҷараёни эътирозҳо дар саросари ин кишвар тақрибан 100 касро боздошт кардааст. Шумори дақиқи дастгиршудаҳоро рӯзи душанбе нашр мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон мегӯянд, дар шаҳрҳои дигари Белорус, аз ҷумла Гродно, Брест, Барановичӣ, Могилёв ва Витебск ҳам ҷонибдорони мухолифонро дастгир карданд. Ба иттилои Tut.By, боздоштҳои хушунатомез дар шаҳри Гродно сурат гирифтаанд. "Аз мӯйҳояшон дар рӯи замин кашола мекарданд, мезаданд ва гази ашковар мепошиданд", - гуфт яке аз занони эътирозгар.

Дар миёни боздоштшудаҳои Минск узви Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон Олга Павлова, раиси ширкати "Экодом" Ирина Сухий ва рӯзноманигори "Радио Ратсия" Артём Сизинтсов ҳам ҳастанд.

Дар пойтахти Белорус шаҳри Минск тазоҳурот ба зидди раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ва бо даъвати истеъфои ӯ идома ёфт. Гуруҳҳои тазоҳургарон рӯзи 6-уми сентябр дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ва ба таври пароканда ҷамъ омаданд. Пештар аз ин маъмурони пулиси зидди шӯриш дар атрофи қароргоҳҳои ҳукуматӣ ва пайкараҳо дар маркази Минск симхор кашиданд ва дар беруни баъзе аз истгоҳҳои метро маъмурони пулис ба чашм мехурданд.

Дар видеоҳое, ки дар Телеграм нашр кардаанд, мошинҳои зиреҳпӯш дар чанде аз гӯшаҳои Минск дида мешавад. Александр Лукашенко бо такрори тазоҳуроти азим дар шаҳри Минск зери фишори афзояндае қарор гирифтааст. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки Лукашенко дар интихобот бештар аз 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овард, аммо тазоҳургарон мегӯянд, баръакс дар интихобот номзади мухолифон пирӯз шудааст.

XS
SM
MD
LG