Ҳукумати Узбекистон дар ин бора қарори вижае қабул кардааст.
"Ба навхонадорон иҷозат шуд, ки ду насаб дошта бошанд. Ба фарзи мисол, агар насаби домод Аҳмадов аст ва аз арус Шуҳратова, пас ҳангоми сабти ақди нигоҳ онҳо метавонанд, ду насабро пушти ҳам дар санадҳояшон нависанд. Ба тартиби Аҳмадов-Шуҳратов ва ё Аҳмадова-Шуҳратова", - хабар доданд аз мақомоти адлияи Узбекистон.
То ин замон қонунгузории он кишвар дунасабиро иҷозат намедод. Навхонадорон ё насаби аслии худро ҳифз мекарданд ва ё насаби ҳамсар/шавҳари худро интихоб мекарданд.