Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи порлумонии ин кишвар ба хотири таъмини амнияти ҷомеа санадҳои ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам ҳуқуқӣ, аз ҷумла оҷонсҳои муҳофизатӣ ва бахшҳои онҳо санҷида мешавад.
"Додани иҷозат барои нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ низ муваққатан манъ мешавад. Баъди чанд рӯз дари фурӯшгоҳҳои силоҳ низ дар саросари Қирғизистон баста мешавад", - афзудааст вазорат.
Интихоботи навбатии порлумонии Қирғизистон 4 октябри имсол баргузор мешавад. Дар он 15 ҳизб бо 1912 номзади худ рақобат мекунанд.