Ссылки доступа

Дар зиёда аз 300 мактаби Узбекистон таҳсил шуруъ шуд


Баъди 6 моҳи таътил дар 329 мактаби Узбекистон сар аз 7 сентябр дарсҳо дубора ба роҳ монда шуд. Дар ин бора вазорати таҳсилоти мардумии Узбекистон хабар дод.

"То 5 сентябр маркази беҳдоштиву эпидемиологии кишвар вазъи мактабҳоро барои соли нави таҳсил омӯхт ва барои кормандони мактабҳо омӯзиш ба роҳ монд. Қарори боз кардани дарҳои мактабҳоро маҷлисҳои вакилони маҳаллӣ қабул мекунанд", - гуфтанд аз вазорати таҳсилоти мардумии Узбекистон.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, таҳсил дар он кишвар расман 14 сентябр шуруъ мешавад. Теъдоди мактабҳои умумӣ дар Узбекистон ба 9942 мерасад.

Дар Узбекистон сар аз 16 март, дар робита ба паҳншавии вабои COVID-19, дари мактабҳоро бастанд ва хонандагон ба таҳсили фосилавӣ фаро гирифта шуданд.

XS
SM
MD
LG