Ссылки доступа

Арабистони Саудӣ ҳукми қотилони рӯзноманигор Хошуқчиро сабуктар кард


Джамаль Хашогги
Джамаль Хашогги

Айбдоркунандаи давлатӣ дар Арабистони Саудӣ ҳукми ниҳоии гунаҳкорони парвандаи қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчиро эълом кард. Хошуқчӣ дар моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркия кушта шуд.

Дар доираи парвандаи куштори Хошуқчӣ панҷ касро ба 20-солии зиндон маҳкум карданд. Се тани дигар аз 7 то 10 сол зиндон шуданд. Ҳамаи онҳо дар куштори рӯзноманигор айбдор дониста шуданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ хонаводаи Хошуқчӣ дархости авфи қотилонро карданд. Бино ба қонунгузории Арабистони Саудӣ, дар чунин ҳолат гунаҳкорро намешавад, ба қатл маҳкум кард.

Рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ, ки солҳои охир бо нашрияи The Washington Post ҳамкорӣ мекард, моҳи октябри соли 2018 кушта шуд. Қотилон баъди куштор ҷасади ӯро пора-пора ва аз консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбули Туркия берун бурдаанд. Пораҳои ҷасади вай то кунун пайдо нашудааст.

Хошуқчӣ аз мунтақидони сиёсатҳои Арабистони Саудӣ, ба вижа валиаҳд Муҳаммад бин Салмон буд.

XS
SM
MD
LG