Ссылки доступа

Раиси Хоразм паҳнкунандагони коронавирусро ба террористон баробар кард


Раиси вилояти Хоразми Узбекистон Фарҳод Эрманов дар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар ин вилоят толорҳои шабнишиниро айбдор карда, хост нозирони минтақавӣ ва раисони маҳаллаҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Эрманов 7 сентябр бо баргузории як ҷаласа вазъи эпидемиологӣ дар ноҳияи Боғоти вилояти Хоразмро баррасӣ карда, гуфтааст, дар 5 маҳаллаи ноҳия дар як рӯз 79 кас санҷиш супориданд ва натиҷаи санҷиши 49 нафар мусбат баромадааст.

"Натиҷаи озмоишҳо нишон медиҳад, ки дар ҳар маҳалла тақрибан 50-60 дарсади сокинон ба коронавирус гирифтор шудаанд. Ин мардум аввал вирусро ба якдигар мегузаронанд ва сипас он ба ноҳияҳои ҳамсоя ҳам сироят мекунад. Чаро касе вазъро назорат намекунад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо чӣ кор машғул аст?", - изҳор доштааст раиси Хоразм.

Эрманов баъд аз шунидани ҳисоботи сардори пулиси Хоразм ба сардори Идораи дастгирии маҳалла ва хонаводаҳои вилоят дастур дода, ки нозирони минтақавӣ ва раҳбарони маҳаллаҳоеро дар Боғот ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад, ки дар онҳо шумори мубталоён ба коронавирус якбора афзоиш ёфтааст.

Раиси яке аз маҳаллаҳои Хоразм хабари бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар ин вилоятро тасдиқ кард, вале айбдоркунии раисони маҳаллаҳоро дар он "нодуруст ва ғайриодилона" номид.

"Раиси вилоят ҳар субҳ ҷаласа баргузор карда, онҳоеро, ки бо иштироки 30 нафар тӯю маърака баргузор мекунанд, террорист меномад. Вале худи ӯ ҳар рӯз дар толори маъмуриятҳои ноҳияҳо то 200 нафарро ҷамъ карда, ҷаласа баргузор мекунад. Дар ин ҳолат худи раис бояд чӣ номида шавад?", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG