Ссылки доступа

Дар Қирғизистон намояндагони 25 созмони байналхалқиро ба ҳайси нозир дар интихобот сабти ном карданд


Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон рӯзи 7 сентябр 25 намояндаи созмонҳои байналхалқиро ба ҳайси нозири интихоботи порлумонӣ сабти ном кард.

Миёни ин нозирон 18 намояндаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва намояндагони созмони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва комисияи интихоботии Молдова ҳастанд.

Интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи 4 октябри имсол баргузор мешавад. Комисияи марказии интихоботӣ 1912 номзадро аз 15 ҳизби сиёсӣ барои ширкат дар рақобатҳои интихоботӣ сабти ном кардааст.

XS
SM
MD
LG