Ссылки доступа

Муовини вазири энержии Русия бо гумони қаллобии бузург боздошт шуд


Муовини вазири энержии Русия Анатолий Тихонов 8 сентябр дар доираи як парвандаи қаллобии бузург барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишотии ин кишвар даъват ва сипас боздошт шуд.

Дар ин бора хабаргузории русии "Интерфакс" бо истинод ба манбаи худ иттилоъ дода, дертар онро хабаргузории ТАСС низ тасдиқ кард.

"Тихонов ба ҳайси гумонбар бозпурсӣ ва бар асоси банди 91-и Кодекси ҷиноии Русия то эъломи айб ба ҳабс гирифта шуд. Аз субҳ ба ин сӯ бозпурсӣ мешавад. Вайро бо гумони дуздӣ ва қаллобии бузург дастгир карданд", - иттилоъ додааст манбаи хабаргузорӣ.

Ба иттилои "Коммерсант", дар доираи парвандаи мазкур ҳамроҳи Тихонов муовини сардори Оҷонси энержии Русия Игор Кожуховский ва чандин мансабдори дигар низ ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Бино ба иттилои тасдиқношуда, Кожуховский низ барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишотии Русия интиқол дода шудааст.

Тихонови 51-сола солҳои 1999-2003 муовини раиси Кумитаи молияи Санкт-Петербург буд. Сипас 5 сол дар маъмурияти кишвари Краснояри Русия кор кардааст. Як муддат муовини сардори Оҷонси энержии Русия буд. Ӯ моҳи июли соли 2019 муовини вазири энержии Русия таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG