Ссылки доступа

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон дар ҳамлаи Кобул захмӣ шуд


Амрулла Салех, первый вице-президент Афганистана
Амрулла Салех, первый вице-президент Афганистана

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон аз як ҳамла дар Кобул ҷони солим ба дар бурдааст. Ин ҳамла субҳи чаҳоршанбе дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кобул рух додааст.

Ризвон Мурод, раиси дафтари расонаҳои муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи имрӯз дар Кобул, корвони мошинҳои Амруллоҳ Солеҳ буд.

"Душманони қасамхӯрдаи Афғонистон ва душманони раҳбароне, ки ба манофеи миллӣ аз тану ҷон пойбанд ҳастанд, имрӯз боз талош карданд, то ба Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳур, зиёне бирасад. Аммо оқои Солеҳ ба фазли Худованд ва дуои мардум аз ин ҳамлаи террористӣ ҷони солим ба дар бурд".

Оқои Мурод афзуд, ки се тан аз муҳофизои Амруллоҳ Солеҳ дар таркиши имрузи Кобул захмҳои сабук бардоштаанд.

Амруллоҳ Солеҳ дар навори видеоие, ки дар сафҳаи "Фейсбук"-аш нашр кард, гуфтааст, ки дар ҳамлаи имрӯз дасташ захмӣ шудааст.

Аз сӯе ҳам Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки бар асари ин таркиш ду тан кушта ва 12 тан захмӣ шудаанд.

Тариқ Орин, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар таркиши имруз ду тан кушта ва 12 тан захмӣ шудаанд. Навъи таркиш то ҳанӯз муайян нашудааст. Тимҳои амниятӣ дар маҳали ҳодиса ҳастанд. Ҷузъиёти бештар баъдан нашр хоҳад шуд".

Соли гузашта низ як ҳамоиши "Раванди сабз", ки раҳбарии онро Амруллоҳ Солеҳ ба ӯҳда дорад, ҳадафи ҳамла қарор гирифа буд. Дар он ҳамла ҳадди ақал 20 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд ва Амруллоҳ Солеҳ захмҳои сабук бардошта буд.

Масъулияти ин ҳамларо то кунун ҳеҷ шахс ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.

Амруллоҳ Солеҳ аз сиёсатмадорони вобаста ба ҷабҳаи муқовимат (гурӯҳҳои зидди Толибон бо раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд) мебошад. Ӯ зодаи Панҷшер буда, бо интиқодҳои сахташ аз артиши Покистон ва созмони истихобороти он кишвар, маъруф аст.

Аз ҷумла ӯ чанд рӯз пеш ӯ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо телевизиони "Тулӯъ" гуфта буд, хатти Дюранд, ки марзи Афғонистон ва Покистонро аз ҳам ҷудо мекунад, ба расмият намешиносад. Хатти Дюранд яке аз қазияҳои мавриди ихтилоф миёни Афғонистон ва Покистон мебошад

Амруллоҳ Солеҳ дар интихоботи президентии соли 2019 аз Ашраф Ғанӣ ҳимоят кард ва ба мақоми муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон расид. Дар интихоботи президентии соли 2014 ӯ аз ҳомиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.

XS
SM
MD
LG