Мақомот муайян карданд, ки аз 1912 номзади сабтшуда 1641 тан доғи судӣ надоранд. 221 тани дигар ҷаримаи додгоҳро пардохта, нисбати 50 номзад ҳукми додгоҳ содир нашудааст ва 5 номзади дигар дар асоси кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд. 26 тан аз сӯи додгоҳ сафед ва нисбати 19 тани дигар парванда дар ҳоли баррасӣ аст.
Пештар аз ин Комисияи марказии интихоботӣ хабар дода буд, номзадии зиёда аз 50 касеро сабт кардааст, ки нисбаташон тафтишот сурат мегирад ва ё ҳукми додгоҳро иҷро накардаанд. Дар Комисияи интихоботӣ гуфтанд, дар сурати содир шудани ҳукми додгоҳ номзадҳо аз маъракаи интихобот берун карда мешаванд.
Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон 4 октябр баргузор мешавад.