Помпео гуфт, вай аз хабарҳо дар бораи рабуда шудани Мария Колесникова, мухолифи ҳукумати Белорус, "амиқан нигарон аст". Ин изҳороти Помпео 8 сентябр нашр гардид.
Котиби давлатии ИМА ба устувории Колесникова ва ду узви дигари Шӯрои ҳамоҳангсози Белорус, ки иҷборан аз кишварашон ба Украина ихроҷ шуданд, баҳои баланд додааст.
Марзбонони Белорус рӯзи сешанбеи 8 сентябр хабар доданд, ки Колесниковаро дар марзи Украина боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, Колесникова ҳамроҳ бо Антон Родненков ва Иван Кравсов, ду узви Шӯрои ҳамоҳангсоз ба марзи Белорус бо Украина рафтаанд.
Родненков дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киеви Украина гуфт, ки Колесникова шиносномаашро пора карда, дубора ба марзи Белорус баргаштааст, ки ӯро баъдан мақомоти Белорус боздошт карданд.