Ссылки доступа

Дар Туркманистон истеҳсол ва фурӯши ғайриқонунии тамоку меафзояд


Дар навоҳии вилояти Лебапи Туркманистон парвариш ва истеҳсоли тамоку афзоиш меёбад. Шоҳидон мегӯянд, дар робита ба ин фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти тамоку низ афзудааст.

"Сокинон дар ҳавлиҳояшон тамоку мепарваранд. Метавон гуфт, ки хоҷагиҳои тамокупарвар ташкил шудааст. Маҳсулоти парваришгарон хеле арзон аст", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Ин дар ҳолест, ки мақомот талош мекунанд, садди роҳи парвариши тамоку шаванд. Мақомот сокинонеро муҷозот мекунанд, ки дар ҳавлиҳояшон тамоку парвариш мекунанд.

Парвариши тамоку дар Туркманистон баъди он афзоиш ёфт, ки сигор дар мағозаҳои он кишвар гарон ва камчин шуд.

Моҳи марти соли 2016 дар Туркманистон қарор "Дар бораи тартиби ворид ва фурӯши маҳсулоти тамоку" қабул шуд, ки дар асоси он, фурӯши тамоку ба инҳисори давлат дода шуд.

Дар чаҳор соли баъи қабули ин қарор сигор дар Туркманистон даҳ баробар гарон шуд. Барои мисол, агар дар соли 2016 як қуттии он 3 манат қимат дошт, дар соли 2020 ба 30 манат расид.

Мақомоти Туркманистон борҳо гуфтанд, ки тасмим доранд, то соли 2025 кишварро аз тамоку пок кунанд.

XS
SM
MD
LG