Ссылки доступа

Таъсиси се ниҳоди нав дар Қазоқистон: бевосита ба президент итоат мекунанд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 9 сентябр дар бораи таъсиси вазорати ҳолатҳои фавқулода, оҷонси банақшагирӣ ва ислоҳоти роҳбурдӣ, оҷонси муҳофизат ва рушди рақобат фармон содир кард.

Қисме аз салоҳиятҳои вазорати корҳои дохилӣ, вазорати саноат ва рушди зерсохторӣ ва вазорати иқтисоди миллӣ ба вазорати тозатаъсиси ҳолатҳои фавқулода дода хоҳад шуд

Ба оҷонси банақшагирӣ ва ислоҳоти роҳбурдӣ салоҳиятҳои кумитаи омор дода мешавад.

Салоҳиятҳо ва вазифаҳои ниҳоди ҳифзи рақобат ва маҳдудияти инҳисор аз вазорати иқтисоди миллӣ гирифта шуда, ба оҷонси тозатаъсиси ҳифз ва рушди рақобат дода мешавад.

Тоқаев рӯзи 1 сентябр дар бораи таъсиси ниҳодҳои нав хабар дода буд. Вай гуфта буд, ки ниҳодҳои мазкур бевосита ба президент итоат мекунанд ва ҳисобот медиҳанд.

XS
SM
MD
LG