Ссылки доступа

Тошканд соҳиби Маҷмааи ёдгории "Боғи ғалаба" шуд


Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон Маҷмааи ёдгории "Боғи ғалаба" сохта шуд. Дар ин маҷмаа Осорхонаи давлатии "Шон-шараф", муҷассамаҳои "Мангу жасорат" ва "Матонат мадҳиясӣ" низ қомат афрохтаанд.

Дар фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 9 сентябри соли равон омадааст, ки ҳадафи бунёди маҷмаа "бозтоби густардаи саҳми мардуми чандинмиллатии ин кишвар дар Ғалабаи бузург бар фашизм, ки нишонаи ҷасорату мардонагӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум аст, абадӣ гардонидани иштирокдорони он ҷанг ва тарбияи насли наврас дар руҳияи садоқат ба ватан мебошад".

Фармон ҳамчунин вазифаҳои маҷмааро пешбинӣ кардааст, ки яке аз онҳо омӯзиши илмӣ ва таблиғи густардаи саҳми мардуми Ӯзбекистон дар шикасти фашизм миёни сокинон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG