Видеои арӯсии ин ҷуфт ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
"Навор 9 сентябр дар ноҳияи Тошканди вилояти Тошканд, ҳангоми омадани домод Аҳмадҷон Т. ҳамроҳи дӯстонаш ба хонаи арӯс сабт шудааст. Ба ҷуз ин, Аҳмадҷон тӯйи домодияшро дар манзили зисти худ дар ноҳияи Шайхонтоҳур баргузор кардааст, ки дар он беш аз 30 нафар иштирок доштанд", - омадааст дар иттолияи пулиси Тошканд.
Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои мубориза бо коронавирус"-и Кодекси маъмурии Ӯзбекистон парванда боз шуда, ба соҳибони тӯй ҷарима дар ҳаҷми тақрибан 430 доллар таҳдид мекунад.
Узви Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Ӯзбекистон Рустам Икромов ҳафтаи гузашта гуфт, тартиби баргузории тӯй бо иштироки то 30 кас ҳадди ақал то охири сентябр амал мекунад.