Ссылки доступа

Мақомоти қазоқ тахриби "KAZ Феррит"-ро баъди эътирози кормандонаш боз доштанд


Тахриби қисме аз корхонаи коркарди ангиштсанги "KAZ Феррит" дар наздикии шаҳри Қарағандаи Қазоқистон дар пайи эътирози кормандонаш боз дошта шуд.

"Додситонӣ ба мо хабар дод, ки аз судиҷрочиён талаб кардааст, қонунӣ будани тасмими тахриби корхонаро исбот кунанд. Бинобар ин, тахриби корхона боз дошта шуд. Ин ба мо вақти иловагӣ медиҳад", - изҳор дошт ҳуқуқшиноси "KAZ Феррит" Асхат Ниёзов.

Дар Додситонии Қарағанда низ 10 сентябр тасдиқ карданд, ки тахриби корхона боз дошта шудааст. "Иҷрои қарори додгоҳ дар мавриди тахриби як қисми корхонаи "KAZ Феррит" бо назардошти муроҷиати шумори зиёди кормандонаш то поёни омӯзиши қазия боз дошта шуд", - гуфт додситони Қарағанда Марат Сексембоев.

​Наздики 100 тан аз коргарони "KAZ Феррит" рӯзи 7 сентябр дар ҳудуди корхона даст ба эътироз заданд. Онҳо аз қарори додгоҳ норозиянд, ки бино ба он, бояд қисме аз корхона тахриб шавад. Ширкате ба замини корхона даъво дорад ва додгоҳ тахриби корхонаро ба нафъи вай ҳал кардааст. Коргарон бо шиорҳои "Коргоҳи моро нагиред!", "Мо бенон мемонем?", "Ба тахриби корхона иҷозат намедиҳем!" эътироз карданд.

"Мо аз он нигаронем, ки бекор хоҳем монд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки корхонаро мебанданд ва кӯдакони мо гурусна хоҳанд монд", - гуфт Олег Сейтер, яке аз коргарони корхона.

Дар ширкати "СВХ-Портал", ки ба заминҳои корхонаи "KAZ Ферритом" даъво дорад, мегӯянд, онҳо ҳам кор кардан ва даромад гирифтан мехоҳанд. Аммо ҷонибдори гуфтугӯ ва пайдо кардани роҳи ҳал ҳастанд.

Корхонаи "KAZ Феррит" соли 2008 ташкил шуда ба харид, нигаҳдорӣ ва коркарди ангиштсанг машғул аст. Дар ин корхона коргарони маҳаллӣ фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG