Дар ин бора 11 сентябр, баъди мулоқоти вазирони умури хориҷии Ҳинду Чин - Субраманям Ҷайшанкар ва Ван И дар шаҳри Москва хабар доданд.
"Вазирони умури хориҷии ду кишвар розӣ шуданд, ки вазъи кунунӣ дар минтақаҳои марзӣ ба нафъи ҳар ду ҷониб нест. Бинобар ин, онҳо созиш карданд, ки марзбонони Чину Ҳиндустон муколамаро идома дода, нерӯҳоро зудтар аз ҳам дур кунанд ва фосилаи зарурӣ риояву ташаннуҷ коҳиш дода шавад", - омадааст дар изҳороти муштараки ду вазир.
Вазири умури хориҷии Чин гуфт, Пекин иртибот бо Ҳиндро ҳам тавассути роҳҳои дипломатӣ ва ҳам низомӣ ҳифз карда, барои "барқарории сулҳу оромӣ" дар минтақаҳои баҳсӣ чора меандешад.
Вохӯрии вазирони умури хориҷии Ҳинду Чин дар Москва дар ҳолест, ки пештар дар марзи ду кишвар низое сар зада буд. Ҳар ду ҷониб нерӯҳои ҳамдигарро ба бемасъулиятӣ дар минтақаҳои баҳсӣ айбдор карданд.
Вазорати хориҷаи Чин артиши Ҳиндро дар он муттаҳам кард, ки дар ҳодисаи рӯзи 8-уми сентябр хатти баҳсии марзро ба таври ғайриқонунӣ убур карда ба самти марзи ҳамдигар тири ҳушдордиҳанда холӣ карданд. Мақомоти Ҳинд ин иттиҳомотро рад карданд.