Ба иттилои Associated Press, дар ин бора ҳукумати Швейтсария рӯзи 11 сентябр хабар додааст.
Бар асоси созиши ҳосилшуда, ҳудуди 131 млн долларе, ки аз ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримова дар Швейтсария мусодира шуда буданд, ба мақомоти Ӯзбекистон баргардонида мешаванд.
Вале ин созишнома аз мақомоти ӯзбек иҷрои як қатор шартҳоро талаб мекунад. Аз ҷумла, бояд дар раванди баргардонидани пулҳо, харҷи онҳо ба "беҳсозии зиндагии мардум" ва сармоягузории тарҳҳо шаффофият таъмин карда шавад.
Бино ба хабарҳо, беш аз 650 млн франки швейтсарии дигари духтари президенти нахустини Ӯзбекистон дар ҳабс боқӣ мемонад.
Ёдрас мешавем, Вазорати адлия ва Додситонии кулли Ӯзбекистон моҳи майи соли равон дороиҳои Каримоваро дар ҳаҷми 10 миллион доллар тавонистанд, баргардонанд.