Ссылки доступа

Кӯмакҳои модии Алишер Усмоновро аз кормандони "ёрии таъҷилӣ"-и беморхона бозпас гирифтанд


Дар ноҳияи Зангиотаи Узбекистон қисме аз кӯмакҳои модии сарватман Алишер Усмоновро, ки ба кормандони "ёрии таъҷилӣ" тақдим шуда буд, бозпас гирифтанд.

Яке аз кормандони бемористони ноҳия гуфт, ки моҳи гузашта ба онҳо аз номи сарватманди узбектабори Русия Алишер Усмонов наздики 400-долларӣ тақдим карданд. Аммо як рӯз баъд аз интиқоли кӯмакҳо ба кортҳои бонкии кормандон, нисфе аз он маблағҳоро бозпас гирифтанд. Касоне, ки фурсат ёфта, маблағҳоро аз корт гирифта буданд, қисме аз маоши моҳи августии онҳо ситонида шудааст. Мақомоти тандурустии ноҳия гуфтаанд, ки мебоист, аз ибтидо кормандони бемористонҳо 200-долларӣ кӯмак дарёфт мекарданд, на 400-долларӣ. Аз ҳамин рӯ, нисфе аз кӯмакҳо бозпас гирифта шудаанд.

Моҳи июли соли ҷорӣ Алишер Усмонов дар доираи барномаи мубориза бо вабои коронавирус, ба Узбекистон 10 миллион доллар кӯмак расонид. Ин маблағро барои кӯмаки якдафъаина ба кормандони "ёрии таъҷилӣ" ҷудо карданд.

Яке аз кормандони бахши тандурустии ноҳияи Зангиота гуфт, иштибоҳан ба кормандони соҳаи тиб маблағи бештар аз муқарраршударо гузаронидаанд.

"Рӯзи 5 август ба 155 корманд кӯмаки якдафъаина интиқол дода шуд. Ҳамон бегоҳ мо аз вазорати тандурустӣ дастур гирифтем, ки бояд 200-долларӣ тақдим карда шавад. Ба ҳамин хотир, нисфе аз кӯмак бозпас гирифта шуд", - гуфт корманди бахши тандурустии ноҳия, ки нахост номаш зикр шавад.

XS
SM
MD
LG