Ссылки доступа

Дар Самарқанд пеш аз сафари Мирзиёев ёдгории меъмориеро тахриб карданд


Процесс сноса здания в Самарканде, находившегося под защитой государства и ЮНЕСКО, 11 сентября 2020 года
Процесс сноса здания в Самарканде, находившегося под защитой государства и ЮНЕСКО, 11 сентября 2020 года

Кормандони Идораи ободонӣ ва Бюрои иҷрои иҷбории шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон 11 сентябр биноеро дар кӯчаи Амир Темур тахриб карданд, ки то соли 2010 ҳамчун ёдгории меъморӣ аз сӯи давлат муҳофизат мешуд.

Як корманди шаҳрдории Самарқанд ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, додгоҳ қарори тахриби биноро ғоибона содир карда буд ва бинобар имкони шикоят аз болои қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ кормандони Бюрои иҷрои иҷборӣ феълан ҳаққи тахриби онро надоштанд.

Намояндаи шаҳрдории Самарқанд гуфт, шитобкорӣ дар тахриби бино ба сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рабт дорад.

"Мирзиёев дар доираи сафари худ эҳтимол аст аз бинои нави Донишкадаи тиббии Самарқанд, ки аз соли 2018 дар доираи барномаи сармоягузорӣ бунёд мешавад, боздид кунад. Дар пушти он бинои №14 қарор дошт, ки солҳои дароз ҳамчун ёдгории меъморӣ ҳифз мешуд. Онро бо дастури шаҳрдории Самарқанд тахриб карданд, то президент бинои куҳнаро дида ба ғазаб наояд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як корманди Нозироти давлатии ҳифзи иншооти мероси фарҳангӣ дар Ӯзбекистон гуфт, тахриби биноҳое, ки дар қисми таърихии шаҳр ҷойгир ҳастанду ба рӯйхати ЮНЕСКО шомиланд, хилофи бандҳои 30, 32 ва 33 Қонуни ҳифз ва истифодаи иншооти мероси фарҳангии ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG