14 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашр шуд, ки баромадани дуди ғализеро аз ҳудуди Қарабатан ба осмон нишон медиҳад.
Сардори Департаменти ҳифзи муҳити зист дар Атирау Алибек Бекмуҳаммадов ба расонаҳо гуфт, ихроҷи маводи олудасозро ба қайд гирифтаанд ва он ба ширкати NCOC рабт дорад.
"Мутахассисони мо ғилзати маводи олудасозро дар минтақаи Қарабатан месанҷанд. Додситониро огаҳ кардем ва санҷиши ғайринақшавиеро низ анҷом хоҳем дод", - афзуд Бекмуҳаммадов.
Дар Вазорати экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон гуфтанд, ки аз кон маводи олудасоз хориҷ шудааст. "Муайян карда шуд, ки дуди ғализи сиёҳ аз корхонаи “Болашак” УКПНиГ, бахши ширкати Норт Каспиан Оперейтинг Компани Н.В. хориҷ шудааст", - изҳор дошт сухангӯи вазорат Самал Ибраева.