Дар бораи хисороти ҷонии он ҳанӯз иттилое нарасидааст.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ярч дар 37-километрии роҳи мошингарди Дийкан-Қара-Кече фаромадааст. Ярч ҷараёни шохоби дарёи Қара-Кече ва роҳи мошингардро баста, хатҳои барқро тахриб кардааст.
Бартарафсозии оқибатҳои ярч шуруъ шудааст.
Қара-Кече яке аз бузургтарин конҳои ангишти Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Захираи ангишти он кон 400 млн тона баровард мешавад. Бо ангишти кони мазкур шаҳри Бишкек, вилоятҳои Чуй, Таласс, Ҷалолобод ва Норинро таъмин мекунанд.
Қирғизистон солона ҳадди ақал ба 2,5 млн тона ангишт эҳтиёҷ дорад.