Ссылки доступа

Раҳбарони "Korean and Migrations" дар Узбекистон аз 8 то 9 сол зиндонӣ шуданд


Додгоҳи ноҳияи Яккасаройи шаҳри Тошканди Узбекистон 14 сентябр баррасии парвандаи марбут ба оҷонси хусусии кор "Korean and Migrations xususiy bandlik agentligi"-ро ба поён расонд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Тошканд, сардори оҷонс Қаҳрамон Отақулов ва мудири бахши "Korean and Migrations xususiy bandlik agentligi" дар вилояти Намангон Одил Қобилов 9-солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ҳамчунин онҳо баъди адои ҷазо ба муҳлати се сол ҳаққи фаъолият дар вазифаҳои раҳбариро надоранд.

Муассиси оҷонс Хушвақт Турдиев ва мудири бахши омӯзиши он Мусурмон Алиқулов 8 солу 3 моҳӣ зиндонӣ шуданд.

Баррасии парвандаи "Korean and Migrations xususiy bandlik agentligi!" 2 июни соли равон оғоз шуда буд. Масъулони оҷонс ба он айбдор дониста шуданд, ки бо ваъдаи пайдо кардани ҷои кор дар Куриёи Ҷанубӣ аз шаҳрвандони Ӯзбекистон пул гирифта, онҳоро фиреб додаанд.

Дар доираи ин парванда 2372 кас ҳамчун ҷабрдида эътироф шуда, масъулони оҷонс ҳудуди 2,5 млн долларро аз худ кардаанд.

XS
SM
MD
LG