Ссылки доступа

Тихановская гуфт, "агар Лукашенко ба хубӣ канор равад", амнияташ кафолат дода мешавад


Светлана Тихановская, номзади пешин ба мақоми президентии Белорус ваъда кард, ки агар президенти амалкунандаи кишвараш Александр Лукашенко ба хубӣ аз қудрат канор равад, амнияташ кафолат дода мешавад.

Дар ин бора Тихановская дар мусоҳиба бо нашрияи украинии "Соҳили чап" изҳори назар кард.

"Ин мавзуи баррасишаванда аст. Албатта, агар вай ба хубӣ канор равад, ин гуна эҳтимол вуҷуд дорад. Метавон гуфт, боварӣ ҳаст. Шахсан ман бояд аз номи дигарон инро бигӯям. Ва фикри дигарон ҳам дар ин бора ба эътибор гирифта мешавад", - гуфт Тихановская.

Пештар Лукашенко гуфта буд, ки "қудрат ба хотири он дода намешавад, ки онро канор гузошту ба дигарон дод".

"Мехоҳам мардона суҳбат кунам, ки ҳарфи ногуфтае боқӣ намонад. Маро бештари вақт таъна мекунанд, ки "қудратро доданӣ нестам". Таънаи дуруст мекунанд. Маро мардум барои ин интихоб накардааст. Қудрат барои он дода намешавад, ки онро ба даст овард, канор гузошт ва ба дигарон дод", - гуфт Лукашенко дар мулоқот бо додситонҳои кишвараш рӯзи 10 сентябр.

Эътирозҳо дар Белорус баъди он оғоз шуданд, ки Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар дар интихоботи президентии 9 август раисҷумҳур Александр Лукашенкоро дубора барданда эълом кард. Садҳо эътирозгар боздошт ва дар бораи таҳқиру шиканҷа шудани дастгиршудаҳо низ хабар дода шуд.

XS
SM
MD
LG