Ссылки доступа

Рӯйхати беш аз 70 парвози дигари чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон


Аз рӯзи 16-ум то 30-юми сентябри имсол барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 71 парвози дигари чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ин парвозҳо аз Маскаву Санкт-Петербург, Қазону Краснодар, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Уфаву Сургут ба Душанбе ба нақша гирифта шудааст ва тавассути ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" анҷом мешавад. Аз рӯи нақшаи расмӣ, парвозҳои ду ҳафтаи оянда ба таври якҷониба аз Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад ва дар бораи парвози мусофирон аз Душанбе ба Русия иттилое дода намешавад.

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз нимаи моҳи марти имсол ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав қатъ шудааст. Аз он замон то кунун Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия даҳҳо парвози чартерӣ ба роҳ монд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, дарёфти билети бозгашт осон нест ва беҳтар аст парвозҳои доимӣ барқарор шавад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр гуфт, "ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19) дошта бошанд ва онро на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) пеш аз омадан ба Тоҷикистон бигиранд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд."

Мақомот ҳамзамон аз он нигаронӣ кардаанд, ки дафъаҳои ахир бархе аз шаҳрвандон дар бораи ташхиси коронавирус санади тақаллубӣ мегиранд ва ҳушдор додаанд, ки бино ба Кодекси нави ҷиноӣ барои ин кор ҷазо таъин гардидааст

Ба иттилои манбаъ, рӯйхати шаҳрвандонро барои бозгашт ба ватан кумисюни вижа дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия анҷом медиҳанд. Аммо ҳафтаи гузашта даҳҳо муҳоҷири тоҷик иддао карданд, ки ба қавли онҳо баъзе аз миёнравҳо билетҳоро арзон харидаву бо нархи гарон ба дигарон мефурӯшанд. Сафири Тоҷикистон дар Русия вуҷуди миёнравҳоро рад кард.

XS
SM
MD
LG