Ссылки доступа

Фаъолони узбек аз Швейтсария хостанд, ба азхудкунии дубораи дороиҳои дуздии Гулнора Каримова иҷозат надиҳад


Ҳомиёни ҳуқуқ ва маҳбусони пешини сиёсии узбек дар хориҷ аз ҳукумати Швейтсария даъват карданд, ки иҷозат надиҳад, то дороиҳои дуздии Гулнора Каримова, духтари президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов тавассути нақшаҳои гуногуни коррупсионӣ дубора дуздида шаванд.

Ин муроҷиатномаи фаъолони узбек баъди он нашр шуд, ки ҳукумати Швейтсария гуфт, розӣ шудааст, 131 млн доллари мусодирашуда аз ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримоваро ба Тошканди расмӣ бидиҳад.

Муроҷиатнома дар сомонаи Бунёди ӯзбекӣ-олмонӣ оид ба ҳуқуқи инсон - Uzbekforum.org 16 сентябр нашр шуд. Фаъолони ӯзбек хостаанд, дороиҳои Каримова ба дастгирии ислоҳот дар мубориза бо коррупсия сарф шаванд. "Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки бойгариҳои дуздидашудаи мардуми узбек тавассути нақшаҳои коррупсионӣ дубора ба дасти худи фасодкорон бирасад", - омадааст дар муроҷиатнома.

Хабаргузории Associated Press, чанде пеш навишт, ки ҳукумати Швейтсария ва Тошканди расмӣ дар робита ба шартҳои баргардонидани дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримова ба ватан созиш карданд.

Бар асоси созиши ҳосилшуда, ҳудуди 131 млн долларе, ки аз ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримова дар Швейтсария мусодира шуда буданд, ба мақомоти Ӯзбекистон баргардонида мешаванд. Вале ин созишнома аз мақомоти ӯзбек иҷрои як қатор шартҳоро талаб мекунад. Аз ҷумла, бояд дар раванди баргардонидани пулҳо, харҷи онҳо ба "беҳсозии зиндагии мардум" ва сармоягузории тарҳҳо шаффофият таъмин карда шавад.

Бино ба хабарҳо, беш аз 650 млн франки швейтсарии дигари духтари президенти нахустини Ӯзбекистон дар ҳабс боқӣ мемонад.

Ёдрас мешавем, Вазорати адлия ва Додситонии кулли Ӯзбекистон моҳи майи соли равон дороиҳои Каримоваро дар ҳаҷми 10 миллион доллар тавонистанд, баргардонанд.

XS
SM
MD
LG