Ссылки доступа

Кремл мегӯяд, "Ҷараёни шимол-2"-ро бо қазияи Навалний набояд омехта кард


Кремл мегӯяд, иҷрои тарҳи "Ҷараёни шимол-2"-ро, ки гази Русияро тавассути баҳри Балтик то ба Олмон мерасонад, набояд бо парвандаи заҳролудшавии мухолифи рус Алексей Навалний рабт дода шавад.

Олмон яке аз ҷонибдорони фаъоли иҷрои тарҳи "Ҷараёни шимол-2" аст. Вале аз эътилофи ҳоким ба раҳбарии садри аъзами Олмон Ангела Меркел даъват доранд, ки агар Москва барои ҳамкорӣ дар тафтиши заҳролудсозии эҳтимолии Навалний розӣ нашавад, Берлин аз тарҳи бунёди лулаи газ хориҷ шавад.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи чоршанбе дар як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, "Ҷараёни шимол-2" набояд сиёсӣ карда шавад. "Он як тарҳи тиҷориест, ки ҳам ба нафъи Русия ва ҳам кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Олмон низ ҳаст", - афзуд ӯ.

Навалний рӯзи 20-уми август ногаҳон худро бад ҳис кард ва баъди ду рӯз бо дархости ҳамсараш барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-сола ва як муборизи зидди фасод бо “Новичок”, ки ба гурӯҳи заҳрҳои низомӣ шомил мешавад, заҳролуд шудааст. Баъди ин ҳодиса бисёр кишварҳо аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи мустақилонаи ин қазияро ба роҳ монад.

Русия гуфт, ки бо сабаби набуди далели қотеи заҳролудшавии Навалний парвандаи ҷиноӣ боз намешавад.

XS
SM
MD
LG