Сафорати Туркия дар шаҳри Бишкек хабар дод, Қирғизистон барои харидории дастгоҳҳои шиносоии интихобкунандагон, сандуқҳои худкор ва дастгоҳҳои назоратӣ кӯмаки молӣ дархост кардааст.
Ҳамзамон, ба иттилои сафорати Туркия, мутахассисони турк ба 21 корманди мақомоти қудратии Қирғизистон таъмини бехатарӣ дар интихоботро омӯзиш додаанд. Туркия изҳор доштааст, ки нозиронашро ба Қирғизистон ирсол мекунад.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, интихоботи порлумонии моҳи октябри он кишвар 5,6 миллион доллар харҷ дорад. Дар интихобот 16 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунад.