Ссылки доступа

Муҳокимаи додгоҳии кормандони милисаи Узбекистон, ки мардеро тариқи шиканҷа куштанд


Гузал Абдиева, ҳамсари Юсуф Абдураҳмонов, ки дар идораи пулиси ноҳияи Чиракчини Узбекистон дар натиҷаи шиканҷа кушта шуд, аз додгоҳ хост, айбдоршавандаҳо - Нурбек Овлаев ва Анвар Ҷонқобилов аз толори додгоҳ озод карда шаванд.

Ин ҳодиса рӯзи 16 сентябр дар ҷараёни муҳокимаи навбатии парвандаи шиканҷаи Юсуф Абдураҳмонов рух дод.

"Ман танҳо дар бораи фарзандони инҳо фикр мекунам. Онҳо ҳам ҳамсар доранд. Ман дар бораи ҳамин меандешам. Давоми ҳашт моҳ ман талх гиристам. Ман дарк мекунам, ки чи чизеро таҳаммул кардаам. Ман ҳатто барои душманам инро орзу намекунам. Ҳоло модарони инҳо руҳафтода шудаанд. Хуб, Худо ҳаст, бигзор Худо ҷазо диҳад. Магар ман наметавонам, ду нафарро бахшам", - гуфт Гузал Абдиева.

Зан аз додгоҳ хост, ки ду милисаи айбдор дар қатли шавҳараш аз толори додгоз озод карда шаванд.

Юсуф Абдураҳмонов моҳи январи соли гузашта бо гумони дуздии чорво боздошт шуд. Як рӯз баъд аз боздошт мард дар идораи пулиси ноҳияи Чиракчин дар натиҷаи шиканҷа вафот кард.

XS
SM
MD
LG