Ссылки доступа

Вазири пешини тандурустии Қирғизистонро ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд


Космосбек Чолпонбоев, вазири пешини тандурустии Қирғизистон то 15 ноябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки он кишвар дар ин бора қарор қабул кард.

Чолпонбоев аз сӯи мақомоти мубориза бо фасоди Қирғизистон рӯзи 15 сентябр бо гумони хунукназарӣ ва сӯистифода аз мақом боздошт шуд.

Космосбек Чолпонбоев аз 20 апрели соли 2018 то 1 апрели соли 2020 вазири тандурустии Қирғизистон буд.

Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон пештар аз ин хабар дод, ки зидди як қатор шахсони масъули Вазорати тандурустии он кишвар бо гумони хунукназарӣ ва сӯистифода аз мақом парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Раҳбарони вазорат аз мақоми худ сӯистифода карда, барои хидматрасониҳои машваратӣ қарордодҳои зараровар имзо кардаанд. Дар натиҷа буҷаи давлати Қирғизистон ҳудуди 9 миллион сом зарар дидааст", - омадааст дар иттилоияи хадамот.

Ҷузъиёти дигари парванда ифшо намешавад.

Космосбек Чолпонбоев моҳи июли соли равон ба бозпурсӣ даъват шуда буд. Бозпурсӣ дар доираи парвандае сурат гирифт, ки зидди мансабдорони Вазорати тандурустии Қирғизистон барои фасодкорӣ ва ҳимояти манфиатҳои ширкатҳои алоҳидаи дорусозӣ боз шуд.

Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ бо дастури президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков баргузории озмун барои харидории лавозимоти муҳофизатӣ ва ниқобҳои тиббиро дар моҳи феврали соли равон таҳқиқ кард. Бар асоси хулосаи тафтишот зидди мансабдорон парванда боз гашт.

Рӯзномаи "ПолитКлиника" рӯзи 1-уми июл бо нашри як матлаб навишт, ки мақомоти тандурустии Қирғизистон аз вазъи изтирорӣ сӯистифода карда, ниқобу либосҳои муҳофизатиро 10 баробар гаронтар аз нархи бозор харидаанд.

XS
SM
MD
LG