Ссылки доступа

Ситораҳои санъати Русия дар ҳимоят аз Лукашенко намоҳанг сабт карданд


Гуруҳе аз ситораҳои санъати Русияву Белорус дар ҳимоят аз президенти амалкунандаи Белорус Александр Лукашенко намоҳанг сабт карданд. Дар Белорус аз як моҳ ба ин тараф эътирозҳои мардумӣ зидди Лукашенко хомӯш намешавад.

Миёни хонандагоне, ки дар намоҳанг ширкат кардаанд, Филипп Киркоров, Николай Басков, Александр Буйнов, Анита Тсой ва дигарон ҳастанд.

Намоҳанг ахиран дар шабакаи иҷтимоии Ютюб нашр шуд.

Исму насаби Лукашенко дар намоҳанг садо намедиҳад, аммо дар оҳанг шиорҳои интихоботии вай "Маъшуқро намедиҳанд" (гап дар бораи Белорус меравад), зикр шудааст.

Имкони шарҳ навиштан зери намоҳанг вуҷуд надорад ва шумори тугмаҳои писанду нописанд ҳам аз зери намоҳанг гирифта шудаанд.

Николай Басков, яке аз сарояндагони Русия, ки ахиран дар шаҳри Минск ҳунарнамоӣ кард, дар ҷараёни маъракаи интихоботии Белорус ҳам ба он кишвар рафта, дар мазҳари ом аз Лукашенко ҳимоят карда буд.

Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи 9 август баранда эълом шуд. Мухолифони Белорус аз натиҷаҳои интихобот розӣ нестанд ва аз як моҳ ба ин тараф эътироз доранд. Мухолифон мегӯянд, натиҷаҳои интихоботро тақаллуб карданд.

XS
SM
MD
LG