Ссылки доступа

Дар Қазоқистон барои сарояндаҳо қонуни нав қабул мешавад (видео)


Дар Қазоқистон сарояндаҳо вазифадор мешаванд, пеш аз баромадан ба саҳна тамошобинонро огаҳ кунанд, ки аз фонограмма истифода мебаранд, ё не.

Ҳамчунин тағйири сурудҳои миллии қазоқӣ ба тарзи замонавӣ, баромадани сарояндаҳо ба саҳна дар ҳолати мастӣ ва таҳқири бинандаҳо манъ карда мешавад. Қонуне, ки ин ҳамаро бешбинӣ кардааст, аллакай аз сӯи палатаи поёнии порлумони Қазоқистон қабул шуда, қарор аст дар палатаи болоӣ баррасӣ шавад.

Без фонограммы и переделок казахских песен: новые правила для певцов в Казахстане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:14 0:00

Вакилони порлумони Қазоқистон яке аз ҳадафҳои асосии қонунро мубориза бо фонограмма меноманд. Бештари сарояндаҳои қазоқе, ки ба иҷрои "зинда"-и сурудҳо одат кардаанд, аз қабули қонуни нав истиқбол мекунанд. Вале ба пурра иҷро шудани он шубҳа доранд.

Казахстан: мелодии и ритмы зарубежной эстрады
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:30 0:00

Муаллифони қонун ҳамчунин талаб кардаанд, билети консертҳое, ки дар онҳо аз фонограмма истифода мешавад, назар ба баромадҳои "зинда" бояд арзонтар бошад ва сарояндаҳо низ пешакӣ бинандаҳоро огаҳ кунанд, ки аз фонограмма истифода мебаранд, ё не.

Оҳангсози қазоқ Олжас Байканов мегӯяд, қонун дар бораи фонограмма бояд 10 сол пеш дар Қазоқистон қабул мешуд. Вале ба гуфтаи ӯ, ин қонун наметавонад мушкилиҳоеро аз байн барад, ки дар соҳаи фарҳанги Қазоқистон мушоҳида мешавад.

"Дар мо толорҳо бузург нестанд, то бинандаҳои зиёде ҷамъ оянду билетҳо арзонтар карда шаванд. Толорҳои мо 700-800 одам мебаранд. Барои он ки сароянда бо ҳайати худ дар ин гуна толор "зинда" сарояд, арзиши билетро бояд 100-200 доллар кард, ки ин номумкин аст", - афзуд.

XS
SM
MD
LG