Ссылки доступа

ИМА аз бозгашти таҳримҳои СММ алайҳи Эрон хабар дод


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарфи назар аз мухолифати баъзе аз муттаҳидони аврупоиаш таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эронро якҷониба барқарор кард.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳушдор дод, ки хилофи таҳримҳо дигар кишварҳо набояд бо Эрон ҳамкорӣ кунанд.

Ӯ гуфт, ки агар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ӯҳдадориҳои худро оид ба иҷро кардани ин таҳримот риоя накунанд, ИМА чора хоҳад дид.

"Рӯзҳои наздик Иёлоти Муттаҳида як қатор чораҳои иловагиро барои пурзӯр намудани татбиқи таҳримоти СММ ва ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканон эълон хоҳад кард", - афзуд ӯ.

Соли 2015 дар замони президентии Барак Обама ИМА, Бритониё, Фаронса ва Олмон бо Эрон созиши ҳастаӣ имзо карда буданд. Бар асоси ин созиш Эрон аз ғанисозии уран, ки эҳтимоли сохтани бомбаи ҳастаиро бештар мекунад, даст мекашад ва дар иваз ин кишварҳо ваъдаи сабуктар кардани таҳримҳоро дода буданд.

Доналд Трамп, президенти кунунии Амрико аз ин созишнома берун шуд. Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳанӯз ба ин созиш пойбанд ҳастанд ва рафторҳои ИМА-ро танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG