Ссылки доступа

Дархости озодии пеш аз муҳлати Далер Шарифов рад шудааст


Далер Шарифов во время заседания суда района Шохмансур

Масъулони Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр дархости Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро дар бораи озодии пеш аз муҳлаташ рад кардаанд, вале шарҳ надодаанд, ки чаро.

Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, гуфт, ин дархостро як моҳ пеш ба мақомот супурда буданд, чун ба қавли ӯ вазъи саломати писараш хуб нест ва илова ба ин дар маҳбас "як навъ фишорро эҳсос мекунад".

Далер Шарифовро, ки дар расонаҳои гуногун ошкоро сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, моҳи апрел ба як соли зиндон маҳкум карданд ва ҳоло ӯ дар маҳбаси ноҳияи Ёвон аст.

Пайвандонаш мегӯянд, ӯ бояд 5-уми июл ба маҳбаси сукунатӣ гузаронда мешуд, аммо бо далелҳои барои онҳо номаълум, то ҳол ин кор сурат нагирифтааст. Дар маҳбаси сукунатӣ дар муқоиса ба зиндон маҳдудиятҳо камтар аст.

Ба нақли пайвандони Далер Шарифов ба ӯ дар зиндон гуфтаанд, ки "ту рӯзноманигор ҳастӣ ва баъд аз озод шудан боз танқид мекунӣ". Вале дақиқ нест, фишорҳо аз ҷониби кӣ мерасанд. Талоши мо барои тамос бо масъулони маҳбас то ин дам бенатиҷа буд.

Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ як сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, хабарнигор аз соли 2013 то соли 2019 "200 матлабу мақолае нашр кардааст, ки дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ ҳастанд” ва “ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд". Худи Далер гуфтааст, ки иттиҳомот асосе надоранд. Ба қавли падараш ӯ, дар сӯҳбатҳои ахир танҳо гуфтааст, "қисман иштибоҳ кард" ва дар як таҳқиқаш аз китобе иқтибос овард, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст, аммо маълум нест ин нуктаро таҳти чӣ шароите баён кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқу озодии баён ва ҳамкорони собиқаш мегӯянд, Далер Шарифовро мақомот барои дигарандешиву интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба додгоҳ кашидаанд, то ба ин васила ӯро “сокит кунанд” ва ба дигарон “ҳушдор бидиҳанд”.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад.

Як созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG