Дар ҳоли ҳозир гуфтугӯҳои се кишвар ва Русия дар шакли 3+1 идома доранд. Дар ин бора президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков хабар дод.
Вай нақши Русия ва дигар ҷузъиёти гуфтугӯҳоро ошкор накард. Аммо афзуд, ки ин тарҳ барои Қирғизистон "хеле муҳим аст".
"Ба маҳзи паҳншавии вабо ва бастшавии марзҳо мо дар вазъи сахте қарор гирифтем. На танҳо иқтисод, балки таъмини мардум бо ғизо ва орд аҳамият пайдо карданд. Мо бори дигар ба хулоса расидем, ки роҳи оҳан бароямон хеле муҳим аст. Ҳоло коршиносони мо вориди амал шудаанд. Дар маҷмуъ ҷониби Чин аз ин тарҳ ҳимоят мекунад", - гуфт Ҷеенбеков.
Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2000-ум садо дода буд, аммо аз он замон ба ин тараф тарҳи мазкур аз марҳилаи баррасӣ ба амалӣ нагузашааст.