Ссылки доступа

Президент Бердимуҳаммадовро бо ҷоизаи "дурӯғин"-и Шнобел қадрдонӣ карданд


Дар Донишгоҳи Ҳарвард рӯзи 17 сентябр 30-уми маросими тақдими ҷоизаҳои Шнобел - ҷоизаи дурӯғини илмӣ барои муаллифоне баргузор шуд, ки кори илмиашон "нахуст шуморо механдонад ва баъдан ба фикр кардан во медорад". Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Ба ин тартиб, дар бахши тиб президенти ИМА Доналд Трамп, президенти Русия Владимир Путин, президенти амалкунандаи Белорус Александр Лукашенко, президенти Бразилия Жаир Болсонару, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва инчунин президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соҳиби ҷоиза шуданд.

Кумитаи Шнобел гуфтааст, ҷоиза ба ин афрод ба хотири он дода мешавад, ки "дар давраи вабои Covid-19 таъсири сиёсатмадорон ба маргу зиндагии инсонҳо бештар аз олимон ва пизишкон будааст".

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, онҳое, ки соҳиби ҷоиза шуданд, барои он бо ин ҷоиза "қадр карда шудаанд", "дастовардҳои онҳо нахуст шуморо механдонанд ва баъд ба фикр во медоранд".

Бердимуҳаммадовро барои дастовардҳояш дар бахши беҳдоштӣ бо ин ҷоиза қадрдонӣ кардаанд.

Дар замони паҳншавии вабои коронавирус ҳукумати Туркманистон тасмим гирифт, ки дар асоси яке аз китобҳои Бердимуҳаммадов аз вабо пешгирӣ кунад. Бердимуҳаммадов дар он китоб хосияти табобатии растаниҳои кишварашро шарҳ додааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 13 март ба сокинон тавсия дод, ки бо истифода аз ҳазориспанд худро аз коронавирус муҳофизат кунанд. Баъди ин тавсия дар аксари муассисаҳои давлатии Туркманистон ҳамчун чораи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус испанд дуд карданд.

Саксаул и могильник против коронавируса
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:05 0:00

XS
SM
MD
LG