Парвозҳо ҳафтае як бор миёни пойтахти Русия ва шаҳрҳои Минск, Нурсултон ва Бишкек анҷом мешаванд. Бо қарори сарвазири Русия, аз 27 сентябри соли равон ҳавопаймоҳо миёни пойтахтҳои ин кишвару Куриёи Ҷанубӣ низ парвозро оғоз мекунанд.
"Шаҳрвандони кишварҳои дар рӯйхатбуда, ки ҳаққи иқомат доранд, метавонанд бидуни монеае тавассути роҳи ҳавоӣ вориди Русия шаванд. Шаҳрвандони Русия низ дар навбати худ бидуни мушкил ба кишварҳои мазкур сафар карда метавонанд", - гуфтааст ҳукумати Русия.
Аз аввали шуюи вируси нави корона то ба ҳол дар Белорус 78 ҳазор, дар Қазоқистон 107 ҳазор ва дар Бишкек 46 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус расман сабт карда шудааст. Дар Русия шумори мубталоёни ин вирус ба беш аз 1 миллион мерасад.