Ссылки доступа

Мирзиёев дар ҷаласаи СММ бо забони узбекӣ суҳбат мекунад


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 23 сентябр дар ҷаласаи умумии Маҷмаи кулли СММ ширкат ва суханронӣ мекунад.

Маркази матбуотии президенти Узбекистон хабар дод, ки бори нахуст дар таърихи СММ ҷаласаҳои Маҷмаи кул, дар робита ба вабои коронавирус, маҷозан баргузор мешаванд.

Мирзиёев дар суханрониаш дар мавзуъҳои минтақавиву ҷаҳонӣ суҳбат мекунад.

Ба навиштаи расонаҳо, бори аввал президенти Узбекистон дар ин ҷаласа бо забони узбекӣ суханронӣ хоҳад кард.

Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 дар СММ суханронӣ карда буд. Он замон вай бо забони русӣ суҳбат кард.

XS
SM
MD
LG