Ссылки доступа

Рекорди нави Узбекистон дар фурӯши тило


Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ Узбекистон бо арзиши 5,8 миллиард доллар тило фурӯхтааст.

Ба иттилои кумитаи омори он кишвар, ин миқдор фурӯши тило нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,2 дарсад ё 1,8 миллиард доллар бештар аст.

Содироти тило дар 8 моҳи соли ҷорӣ 50 дарсади ҳаҷми умумии содироти молу маҳсулоти Узбекистонро ташкил додааст.

Бино ба оморҳо, танҳо дар моҳи август Узбекистон ба маблағи бештар аз 2,5 миллиард доллар ба хориҷ тило содир кардааст. Мақомоти Узбекистон мегӯянд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар ҳашт моҳи имсол 24,5 миллиард долларро ташкил додааст.

Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллиард доллар камтар арзёбӣ мешавад. Ба ин тартиб, содироти Узбекистон 11,6 миллиард доллар ва воридоташ 12,9 миллиард долларро ташкил додааст.

Дар моҳи июл Узбекистон бо фурӯши 11,6 тона тило дар ҷаҳон дар миёни фурӯшандагони тило мақоми аввалро соҳиб шуда буд. Он моҳ Узбекистон 6,1 тона тило ба хориҷ содир кард.

XS
SM
MD
LG