Ссылки доступа

Қазоқистон содироти барқро ба Қирғизистон оғоз кард


Қазоқистон дар доираи қарордоди табодули нерӯи барқ аз 21 сентябри соли равон баргардонидани барқ ба Қирғизистонро оғоз кард.

Ба огаҳии ширкати миллии барқи Қирғизистон, ин кишвар аз моҳи июн то моҳи августи соли равон ба Қазоқистон 300 млн кВт/соат нерӯи барқ содир карда буд. Қазоқистон низ бояд ин миқдор барқро ба Қирғизистон баргардонад.

Раиси ширкати миллии барқи Қирғизистон Айтмамат Назаров пештар гуфта буд, ки кишвараш ба далели пеш омадани камобӣ мехоҳад, аз Қазоқистон 500 млн кВт/соат нерӯи барқ харидорӣ кунад.

Ба гуфта Назаров, бино бар пешбиниҳо, то моҳи октябри соли равон ҳаҷми оби обанбори Токтогул ҳудуди 14,9 млрд метри мукаабро ташкил хоҳад дод. Соли гузашта дар ин шабу рӯз 17-19 млрд метри мукааб буд.

Пештар ширкати "Северэлектро", ки 40 дарсади нерӯи барқро дар Қирғизистон таъмин мекунад, гуфт, дар мавсими тирамоҳу зимистони ҷорӣ дар он кишвар камбуди неруи барқ пешбинӣ карда мешавад. Ин камбуд ба сатҳи ками об дар обанбори Токтогул рабт дорад.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз дар ибтидои соли ҷорӣ аз камобӣ хабар дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки дар тамоми обанборҳои кишвар сатҳи об 10-12 дарсад аз меъёри муқаррарӣ кам хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG