Ссылки доступа

Ба ширкатҳои хориҷии дар ҳудуди Узбекистон филмофаранда подош медиҳанд


Ҳар ширкати хориҷие, ки дар ҳудуди Узбекистон филм офарад 20 дарсади хароҷоташ (аз буҷаи умумии на бештар аз 300 ҳазор доллари ИМА) аз сӯи ҳукумати Узбекистон ҷуброн мешавад.

Дар ин бора қарори ҳукумати Узбекистон рӯзи 19 сентябр қабул шуд.

Дар қарор омадааст, ки ширкатҳои хориҷӣ пеш аз шуруъи наворбардорӣ бояд аз Оҷонси миллии "Узбеккино" рухсат бигиранд ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Ба ҷуз ин дар қарор омадааст, ки ширкатҳои хориҷӣ бояд дар бонкҳои тиҷории Узбекистон суратҳисоб боз ва дахлу харҷашонро тавассути ин суратҳисоб анҷом диҳанд.

Пардохти подош тавассути вазорати молияи Узбекистон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG