Ссылки доступа

Саммити ИА ба далели бемории раиси созмон ба таъхир афтод


Председатель Европейского совета Шарль Мишель. Брюссель, 19 августа 2020
Председатель Европейского совета Шарль Мишель. Брюссель, 19 августа 2020

Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфт, саммити Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки қарор буд, 24 ва 25 сентябр баргузор шавад, то ба 1 ва 2 октябр ба таъхир гузошта шуд.

Ин тасмим дар пайи ба карантин фиристодани Мишел, ки чанд рӯз пеш бо як корманди мубтало ба коронавируси хадамоти амниятӣ суҳбат карда буд, гирифта шудааст.

Намояндаи шуро Баренд Лейтс дар Твиттер навишт, ки Мишел як муддат бояд дар карантин бошад. Ба гуфтаи ӯ, раҳбари Шӯрои Аврупо мунтазам аз санҷиш мегузарад ва натиҷаи санҷиши охир, ки рӯзи душанбе анҷом шуд, манфӣ баромада буд. Вале қоидаҳои мубориза бо коронавирус дар Белгия талаб мекунанд, ки ӯ гӯшанишиниро ихтиёр кунад.

Дар саммити 1 ва 2 октябр қарор аст, масоили марбут ба бурунрафти Бритониё аз иттиҳод, тағйири иқлим, ташаннуҷ миёни Юнону Туркия барои истеҳсоли барқ дар қисми шарқии баҳри Миёназамин ва эъломи таҳрим зидди режими президенти Белорус Александр Лукашенко баррасӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG