Ссылки доступа

Зукоми мурғ дар Қазоқистон: талафоти 100 ҳазор сар мурғ (видео)


Дар чаҳор минтақаи Қазоқистон зукоми мурғ бедод мекунад. Мақомот ваъдаи ҷуброни талафот ва воксинзании мурғҳои боқимондаро ба аҳолӣ додаанд. Назорати бойторӣ кафолат медиҳад, ки мурғпарварон гӯштҳои мурғҳои фавтидаро ба бозор намебароранд.

Птичий грипп: поражены уже 4 региона Казахстана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:27 0:00

Хуруҷи зукоми мурғ ду ҳафта пеш нахуст дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ сабт шуд: маҳз дар ин вилоят мурғпарварон талафоти мурғҳоро мушоҳида карданд. Рӯзи 21 сентябр вазорати хоҷагии деҳоти Қазоқистон паҳншавии зукоми мурғро дар ду вилояти дигари кишвар эълом кард. Ба иттилои расмӣ, то имрӯз дар маҷмуъ ҳадди ақал 100 ҳазор сар мурғи хонагӣ аз зуком фавтидааст.

Вилоятҳое, ки зуком сабт шудааст, ба карантин гирифта шуда, барои пешгирии паҳншавии зуком чораандешӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG