Ссылки доступа

Александр Лукашенко маросими савгандхӯрӣ ба мақоми президентиро махфиёна барпо кард


Дар шаҳри Мински Белорус маросими адои савганди Александр Лукашенко ба даври нави президентӣ махфиёна барпо шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои он кишвар иттилоъ доданд.

Ба ин маросим мақомдорони давлатӣ, аз ҷумла вакилони порлумон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, роҳбарони расонаҳои давлатӣ, ходимони илм, фарҳанг ва варзиш даъват шуда буданд.

Лукашенко даст рӯи Конститутсияи кишвараш, бо забонаи белорусӣ савганд ёд кардааст. Баъди ин маросим раиси Комисияи марказии интихоботии Белорус Лидия Ермошина ба Лукашенко шаҳодатномаи президенти Белорусро супоридааст.

Дар назди Кохи истиқлоли Белорус дар шаҳри Минск техникаи ҳарбӣ ва низомиён мушоҳида мешаванд, навиштанд хабаргузориҳо.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гузашти корвони мошинҳои президент нашр шуд.

Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи 9 август баранда эълом шуд. Мухолифони Белорус аз натиҷаҳои интихобот розӣ нестанд ва аз як моҳ ба ин тараф эътироз доранд. Мухолифон мегӯянд, натиҷаҳои интихоботро тақаллуб карданд.

XS
SM
MD
LG