Убури муҳоҷирон дар ду марҳила - рӯзҳои 24 ва 25 сентябр сурат мегирад.
"Ин иҷозат якдафъаина буда, марзи Қазоқистону Русия барои убури шаҳрвандони Қирғизистон ҳамоно баста боқӣ мемонад. Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандоне, ки тасмим доранд, бо роҳи заминӣ ба ватан баргарданд, хоҳиш мекунад, масири вилояти Оренбурги Русияро интихоб накунанд, зеро ронандагон мусофиронро дар нимаи роҳ мефароранд ва ба манзил намерасонанд", - хабар додааст вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар марзи Русия бо Қазоқистон наздики 3200 шаҳрванди Қирғизистон дар мондааст. Онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.
Дар моҳҳои май-август чанд маротиба барои убури шаҳрвандони Қирғизистон аз марзи Қазоқистон иҷозат шуда буд. Ин муҳоҷиронро бо автобусҳо ба Қирғизистон расониданд.